image

Ҷамъбасти даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон"

date_range14.06.2024, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye121

Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан", сардорони раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои ҳизб дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур, намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Чорабинӣ дар майдончаи варзишии МТМУ №35-и н.Шоҳмансур баргузор гардид.

Сабқатҳои варзишӣ дар сатҳи зарурӣ доир гардид. Дар давраи ниҳоии сабқатҳо дастҳои фаъол миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷойи 1-ум сазовор гардид.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқа дастаи "Чортеппа"-и ноҳияи Сино ба чойи 3-юм, дастаи "Ором" ба ҷойи 2-юм ва дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷойи 1-ум сазовор гардиданд.

Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад, насиби дастаи "Ҳосилот"-и ноҳияи Фирдавсӣ гардид.

Дар охир ба ғолибон медалу диполом, Ҷом ва ба сохторҳои ҳамкор, доварон ва дастаҳои фаъол Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври шаҳрии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти "Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе 11 даста аз 7-ум то 11-уми июн ба ҳам рақобат карданд.

Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар доираи тантанаҳои Рӯзи ҷаҳонии футбол гузаронида шуда, ҳадафаш ташвиқи бозии футбол байни аҳолӣ ва ҳамовозӣ ба қабули ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд.

Мусобиқаи мазкур барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Б.Холиқова
"ТВ Душанбе"