image

Ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе

date_range14.06.2024, 14:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye116

Дар толори Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе оид ба тақсимоти пешакӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани таълимгирандагоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2023-2024 таҳсил намудаанд, ҳамоиш баргузор гардид. 

Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни донишгоҳ ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ, ки бо ибтикори Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ҷалби корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ ташкил гардида буд. Дар ин ярмарка 70 ташкилоту муассисаҳои бонкдории кишвар ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод намуданд.

Сипас дар маҷлисгоҳи донишгоҳ маросими расмии ҳамоиш доир гардид. Зимни ҷаласа қайд шуд, ки масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар қарор доранд, ки он дар заминаи мониторинги самаранокии таҳсилоти олии ватанӣ яке аз самтҳои муҳимтарин қарор гирифта, асоси сиёсати стратегиро ташкил медиҳанд.

Ҳаминаст, ки баҳри ба кор таъмин намудани донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе роҳбарияти ин боргоҳи илму маърифат пайваста талош менамояд, то донишҷӯёнаш баъд аз хатми донишгоҳ пурра ба кор таъмин бошанд. Яке аз василаҳои муассир дар ин масъала вохӯрии анъанавии хатмкунандагони Филиал бо корфармоёни эҳтимолӣ мебошад, ки имрӯз дар ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид ва дар он намояндагони зиёда аз 70 вазорату идораҳои сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратии шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд.

Дар соли таҳсили 2023-2024 гуруҳҳои буҷавии шуъбаи рӯзонаи филиалро 113-нафар донишҷӯ аз рӯи 6 ихтисос хатм менамоянд, ки аз ин шумора 13 нафарашон мушараф ба дипломи аъло гардиданд, ва тибқи талаботи "Тартиби тақсимот ин нафарон бояд бо ҷои кор таъмин гарданд.

Дар ҳамоиши навбатӣ намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар кумитаву сохторҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 450 нафар донишҷӯ таҳсили илм менамояд, ки аз ин шумора наздики 113 нафарашон дар соли 2024 ин муассисаи таълимиро хатм мекунанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"