image

Хизматрасонии тиббӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт

date_range18.06.2024, 15:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye140

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини солимии ҷомеа дар баробари фаъолияти ҳамаруӯзаи сохторҳои марбута инчунин тадбирҳои дигари иловагӣ ташкилу роҳандозӣ мегардад. Дар ин замина аз ҷониби табибони Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №7 дар бунгоҳи тибби оилавии маҳаллаи «Озодии занон» тадбири иҷтимоии «Корвони саломатӣ» ташкил карда шуд, ки дар ҷараёни он ба таври ройгон ба сокинон хизмат расонида шуд.

Табибони соҳибтаҷриба барои ташхису табобати беморон дар доираи ин табдир ба маҳалла сафар шуданд. Аз кӯдакон сар карда то куҳансолони маҳаллаҳои ҳудуди ин бунгоҳ ба онҳо муроҷиат намуда, давои дард пурсиданд. Дар заминаи тадбирҳои иҷтимоӣ бо дастгирии сохторҳои шаҳрӣ пайваста чунин корвонҳои саломатӣ ташкил карда мешавад.

Дар ҷараёни маъракаи имрӯза аз ҷониби табибон бештар корҳои ташхисӣ бо истифодаи асбобҳои гуногун гузаронида шуд ва барои табобати бемориҳои шаҳрвандон низ тавсияҳои муфид пешниҳод шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"