image

ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТ. Бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

date_range25.06.2024, 11:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye112

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили яке аз санаҳои муҳими таърихии кишварамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ зери унвони “Ваҳдат – бақои миллат” баргузор гардид.

Имсол дар кишвари мо 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. 27 соли эҳёи миллӣ, баҳамоӣ, худсозиву худшиносиву худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама – 27 соли қадамҳои устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, ки дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ба муносибати ин санаи муборак дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъули мақомоти марбутаи кишвар ширкат ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз мардуми сарбаланду шарифи Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлол буда, ба мардуми мо танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ, ва меҳру шафқат овард ва моро барои расидан ба мақсаду вазифаҳои дар пеш гузоштаамон ҳидоят намуд.

Дар идомаи чорабинӣ гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ барои наслҳои ҷавон нишон медиҳад, ки бар ивази чи қадар азобу ранҷ дар кишвар сулҳу суббот барқарор гардид ва минбаъд барои устувор нигоҳ доштани он пайваста бояд талош намуд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"