image

Ваҳдати миллӣ-асоси пешрафти ободии Тоҷикистон

date_range25.06.2024, 14:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye118

Ваҳдат муҳимтарин арзиши ҷомеаи инсонӣ маҳсуб ёфта, кафолати зиндагии босубот ва шоиста мебошад. Аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ-асоси пешрафти ободии Тоҷикистон», ки бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино доир гашт, иштирокчиёни он таъкид шуд, ки фазои сулҳу суботи комил ва пешрафти босаодати ҷомеа ба ин сана иртиботи қавӣ дорад. Зеро ваҳдату якдилӣ ва эҳсоси ватандӯстии сокинони мамлакат пойдевори мустаҳками истиқлоли давлат буда, моро водор месозад, ки барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас ҳамаҷониба талош намоем.

Гуфта шуд, ки маърифат ва хиради азалии занон баҳри таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ василаи муҳим маҳсуб меёбад. Тазаккур дода шуд, ки нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"