image

Даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ оғоз гардид

date_range01.07.2024, 14:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye128

Шуруъ аз 1 уми июли соли 2024 даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қисмҳои А имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ва Б имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ, ки аз 1-уми март то 2-юми май номнависшудаанд, оғоз гардид.

Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ – қисмҳои А ва Б дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзи 1-уми июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд, ки он дар 44 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад. Қисми А аз чор субтест иборат буда, барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Аз 11 099 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро 10 452 нафарашон ба забони тоҷикӣ ва 647 нафарашон ба забони русӣ имрӯз хоҳанд супорид. Барои иҷрои саволу масъалаҳои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.

Зикр гардид, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз 1-уми март то 2-юми май 95 276 довталаб, ки аз онҳо 78 222 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 17 054 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ мебошанд, номнавис карда шудаанд. Соли ҷорӣ низ раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад. Марказ барои ин ҳар як маркази имтиҳониро бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардааст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо, хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо 20 уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"