Мулоқоти намояндагони МИҲД ноҳияи Шоҳмансур дар корхонаву марказҳои дӯзандагӣ
Дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногун пайваста мулоқоту чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад. Ин навбат аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар корхонаву марказҳои дӯзандагии ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Зимни баромади масъулин таъкид шуд, ки либос ҷузъи муҳимми фарҳанги мо тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки дар таҳия ва тарғиби он шумо чеварон саҳми назаррас доред. Аз ин рӯ месазад, ки зимни фаъоли ҳамарӯзаии худ ба ин самти масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пеш аз ҳама мувофиқ ба талаботи сокинон либоси шинами зебои тоҷикона омода намоед. Ин мулоқот дар маркази дӯзандагии Ёқут 2000 сурат гирифт.
Мавриди зикр аст, ки занону бонувон дар ин ҷо ба омода намудани либос ва ҷиҳози гуногун барои бонувон машғул ҳастанд. Чунин мулоқоту вохӯрии судманд аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳамзамон дар Маркази савдои садбарг низ миёни чеварон гузаронида шуд. Дар ин маркази савдо дар баробари мағозаҳои фурӯш ҳамзамон нуқтаҳои дӯзандагӣ низ фаъолият менамоянд. Таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандустӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ, муарифии фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба сайёҳони хориҷӣ, пешгирӣ аз фарҳанги бегона ва масъалаҳои дигари муҳим зимни мулоқот баррасӣ шуд.
Масъалаҳои дигари мавриди таваҷуҳ низ дар ҷараёни вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо чеварони ин марказ муҳокима гардид. Гуфта шуд, ки мо тоҷикон дорони фарҳанги воло ҳастем, ки либос ҷузъи муҳимми он аст. Аз ин рӯ риояи пушиши он ва ба ояндагон мерос гузоштани он амри зарурӣ аст.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ