Мусобиқоти варзишӣ дар истироҳатгоҳи “Шарора”
Бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” мусобиқоти варзишӣ доир намуд. Истироҳаткунандагон бо бозиҳои шоҳмоту волейбол футобли хурд ба истироҳату фароғати худ хушию тафреҳ зам карданд.
Дар мусобиқоти варзишӣ дастаҳо миёни ҳам қувваозмоӣ карданд. Машғулият ва мусобиқоти варзишӣ дар истироҳатгоҳҳо бо мақсади бофароғат гузаштани таътили тобистонаи мактаббачагон, беҳдошти саломатии хонандагон, ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ ва тарбияи ватандӯстиву зебопарастӣ ба роҳ монда шудааст. Зеро кӯдакону наврасон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамасола баҳри истироҳу фароғати онҳо дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Мусобиқоти варзишӣ дар рушди тафаккури зеҳнӣ ва эҷодкорӣ низ замина мегузорад. Дар толори варзишӣ барои бозии шашкаю шоҳмот, тениси рӯй миз шароит ташкил шуда, хонандагон метавонанд дар вақтҳои холигии худ ба бозиҳои зеҳнӣ машғул шаванд.
Дар истироҳатгоҳи «Шарора» кӯдакону наврасон ҳар рӯз дар бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ, барномаҳои фарҳангӣ иштирок ва бо якдигар хурсандӣ менамоянд. Дар ин истироҳатгоҳ машқҳои пагоҳӣ, субҳона огоз шуда дар ин чо бачаҳо ба бозиҳои варзишии шоҳмот, футбол, волейбол ва ғайра машғул мешаванд. Онҳо ҳамчунин дар ҳавзи ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ оббозӣ карда, обутоб меёбанд. Дар дастаҳои ғолиб ва фаъол бо медал ва дигар туҳфаҳои омоданамудаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ