image

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии Швейтсарияро ба ҳузур пазируфтанд

date_range03.07.2024, 13:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye73

2 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷӣ Инясио Кассис, Вазири федералии молия Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки милии Швейтсария Томас Ҷорданро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария ва робитаҳои онҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.

“Мо Конфедератсияи Швейтсарияро шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва кишвари Шумо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хосса дорад” -изҳор доштанд дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Густариши минбаъдаи робитаҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз қабили бахшҳои сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ судбахш номида шуд.

Ҷалби сармояи Швейтсария ва технологияҳои муосири он ба рушди соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, фармасевтика, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, рақамикунонии иқтисодиёт зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои дигари судовар, аз ҷумла сайёҳӣ, равобити зичи фарҳангиву башарӣ ва илму маориф табодули афкор намуданд.

Аз ҳамоҳангиҳои доимӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои калидии замони муосир изҳори қаноатмандӣ карда шуда, дастгирии доимии Швейтсария дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим таъкид гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, инчунин ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ муҳокима карда шуд.