image

Дар шаҳри Душанбе озмуни Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон баргузор гардид

date_range03.07.2024, 14:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye131

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, инчунин вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаҳои кишвар дар маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озмуни Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занон ва духтарон баргузор шуд.

Дар доираи Нақшаи амалии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо занону бонувон, ҷавондухтарони маҳаллаҳо ва КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои ҳудуди ноҳия вобасата ба пухтани таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта, ривоҷ додани пухту пази таъомҳои миллӣ, духтани даврию сузанӣ, либос, дигар шаклҳои миллӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар нимсолаи дуюми соли 2024 дар маҳаллаи Нодира озмуни «Беҳтарин раси шурои кор бо занону духтарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ» ва намоиш ва омода намудани таомҳои миллӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, собиқадорони меҳнат аз ҳисоби занону бонувон, раисони шуроҳои кор бо занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳунармандони ноҳия иштирок намуданд.

Тавре, ки гуфта шуд, ҳадафи асосии озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон» ин мукаммал намудани ҳайати кадрии соҳаи кор бо занон ва оила дар шаҳраку маҳаллаҳо, дастгириву пешбарии раисони шӯроҳои кор бо занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳо ба фаъолияти роҳбарӣ, такмил додани донишу маҳорати раисони шӯроҳои кор бо занону духтарон дар самти татбиқи сиёсати давлатии кор бо занон ва оила ва ҳамзамон ҷоннок намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо дар заминаи фаъолияти натиҷабахши раисони шӯроҳои кор бо занону духтарон мебошад.

Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар раванди фаъолияти ҳамарӯза бо сохторҳои дахлдори соҳа ҳамкории зич дошта, ҷиҳати эҳё ва густариш додани ҳунарҳои милливу мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази касбомӯзӣ, курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ, попрудӯзӣ, гулдӯзӣ ва зардӯзиро ба роҳ монда, занону ҷавондухтаронро аз оилаҳои ниёзманд ва осебпазири шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия ҷалб менамояд.

Дар интиҳои озмун ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Беҳтарин раиси Шӯрои кор бо занону духтарон» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоли Сомонӣ дипломҳо супорида шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"