image

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд

date_range03.07.2024, 18:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye97

3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, афсарони қаровули фахрӣ саф оростанд.