image

Мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ

date_range05.07.2024, 09:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye256

Бахшида ба иди касбии кормандони тандурустӣ, ки ба зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯали ибни Сино рост меояд ва ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июн то 9 августи соли 2024 баргузор карда мешавад. Зимни кушодашавии мусобиқаи мазкур - муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ҳамчунин табибони муассиҳои тиббии пойтахт ва намояндагони васосити ахбори омма иштирок доштанд.

Зимни суханронии хеш - муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёнро ба муносибати кушодашавии мусобиқаи ҳаждаҳуми футболи хурд байни дастаҳои мардонаи табибони муассисаҳои тандурустӣ шодбош гуфта, аз ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва соҳаи тандурустӣ ёдоварӣ намуд.

Таъкид рафт, ки мақсади баргузор намудани мусобиқа, ин дар амал тадбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тарбияи солимии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби бозии футбол дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқу рушд ва инкишофи минбаъдаи футбол дар ҷомеа, муайян намудани беҳтарин дастаҳои ғолиб ва ҷоизадор дар байни дастаҳои муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва ҳамчунни дастгирӣ аз қабул гардидани Пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи қабул гардидани рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад ва ин пешниҳодро 7 уми май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул намуда, 25 май ба таври расмӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.

Бояд гуфт, ки бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад ва аз замони пайдоиш то имрӯз танҳо як ҳадаф дорад, мустаҳкам намудани дӯсти ва ба ҳам овардани инсонҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур то 9-уми августи соли равон дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳӣ Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба баргузор мегардад.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"