image

Мулоқоти масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД шаҳри Душанбе бо ходимони дин

date_range12.07.2024, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye137

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур мулоқоти масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа баргузор шуд.

Дар мулоқот бо эмомхатибони масҷидҳои ҷоме ва панҷвақта ва ходимони дини пойтахт намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷаншу маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Тавре, ки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷаншу маросими назжи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, яке аз мақсади асосии баргузории мулоқоти имрӯза ин бори дигар тавзеҳи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дониста мешавад.

Зимни суханронӣ масъулин қайд намуданд, ки дар асоси тағйироти воридгардида ба боби 3, моддаи 9 қисми 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст.

Бояд гуфт, ки дар асоси моддаи 12-и қонун тӯйи домодию арӯсӣ бо гузарондани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад.

Мавзӯҳои асосии мулоқоти имрӯза ин шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии исрофкорӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободкорӣ, фарҳанги ба бар намудани либоси миллӣ ва дигар мавзуҳои муҳими рӯз иборат буд. Масъулин аз эмомхатибони масҷидҳои ҷоме ва панҷвақтаи пойтахт даъват ба амал оварданд, ки дар суҳбат бо мардум ва намозгузорон моҳияти асосӣ аз ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дуруст фаҳмонанд.

Зикр шуд, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон 17 сол сипарӣ гардид ва мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сатҳи исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми баргузории маросимҳои хурсандӣ ва азодорӣ ба маротиб кам гардид ва сатҳи некуаҳволии мардум боло шуд. Яъне қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки зиндагии арзандаи сокинони мамлакат таъмин гардид ва сокинон аз исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми брагузории маросимҳои гуногун даст кашанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"