image

Дар пойтахт намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мегардад

date_range12.07.2024, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye120

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 то 31 августи соли равон дар пойтахт намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мегардад.

Намоишгоҳ ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт, аз соати 9:00 то 19:00 баргузор гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамоянд. Дар намоишгоҳи доимӣ корхонаҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон дар баробари либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёи зарурӣ пешниҳод менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории намоиш-фурӯш таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сарулибоси ягонаи мактабӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд. Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"