image

Рӯйнамоии дастури библиографии Маҷид Салим дар Китобхонаи миллӣ

date_range12.07.2024, 11:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye135

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи библиографияи миллии ин муассиса рӯйнамоии китобномаи шарҳиҳолии шоир, нависанда, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик Маҷид Салим баргузор гардид. Дар ҳамоиш олимону адибон, шоирон, намояндагони ВАО ва дигар дӯстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Дар маҷмӯаи муаррифишуда мақолаҳои олимону адибон ва осорномаву адабиёти марбут ба зиндагиномаю фаъолияти илмию эҷодии Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илми филология, барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳӯтӣ, аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон Маҷид Салим ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ифтитоҳи ҳамоиш Директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, аз таҳқиқу баррасӣ ва таҳияи дастурҳои бибилиографӣ, китобҳои шарҳиҳолӣ ва дигар нашрияҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои машҳури ҷомеа, ибрози назар кард. Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён доир ба фаъолияти эҷодиии Маҷид Салим баҳои мусбат дода шуд. Таъкид шуд, ки мавсуф инсони пурра ташаккулёфтаву мукаммал аст, ки саҳми муайяни худро дар рушди фарҳанги миллӣ гузошта истодааст. Ӯ аз ҷумлаи нависандангонест, ки атрофи масоили пайванди инсон бо табиат, олами набототу ҳайвонот, тарзи зиндагиву воқеияти ҳастии ҷонварон ва муъҷизаҳои табиат асарҳо таълиф кардааст.

Дар чорабинӣ таъкид шуд, бо шукргузорӣ аз ин давлати озоду обод таҳти сиёсати фарҳангдӯстонаву Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷомеаи кунунии тоҷик чунин як имконияту шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Баргузории чунин ҳамоишу маҳфилҳо ва таълифи асарҳо нишонаи таваҷҷуҳи Сарвари давлат дар самти илму фарҳанг ва маҳсули неъматҳои Истиқлоли давлатист.

Маҷид Салим эҷодкори пуркор ва дӯстдори табиат ва олами вуҳуш аст. Ҳамин аст, ки аксаран персонажҳои осораш марбут ба олами ҳайвонот аст. То имрӯз доир ба ин самт беш аз 20 асараш ба табъ расидааст.

Зикр рафт, ки ин нависанда дар адабиёти муосири тоҷики мавқеъ ва ҷойгоҳи хоси худро дорад. Бо эҷоди асарҳои рангинаш дар рушди адбиёти илмӣ-маърифатии тоҷик барои наврасону ҷавонон саҳми муносиб гузоштааст.

Дар интиҳои чорабинӣ миёни меҳмонон ва кормандони Китобхонаи миллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гулова С.
"ТВ Душанбе"