Ҷаласаи ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024
Дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар 6 моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.
Ҷаласаи ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 бо иштироки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Қосимзода Иноятулло Шодӣ, муовини якум ва муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон ва Бюроҳои таърихи қарз баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон нахуст ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии доимии рушди низоми бонкии мамлакат миннатдории худро баён намуда, иброз дошт, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ, дар давраи баррасишаванда пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуда, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Зикр гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои қарзии ваколатдор тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, раванди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар тамоми нуқтаҳои қабули пардохтҳои хизматрасониҳои муздноки кишвар таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Сипас, роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди рӯнамоҳо оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ суханронӣ намуданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ