image

“Душанбе – ояндаи ҳушманд ва устувор”

date_range16.07.2024, 08:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба раванди таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе, машварати корӣ доир гардид. Шарҳи ихтиёрӣ – равандест, ки рӯзномаи глобалиро арзёбӣ мекунад ва расидан ба ҳадафҳои рушди устуворро таъмин менамояд.

Машварати корӣ таҳти унвони “Душанбе – ояндаи ҳушманд ва устувор” бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ба кори худ шуруъ кард. Машварати корӣ оид ба раванди таҳияи Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе кормандони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва коршиносони маҳаллиро ба ҳам овард.

Дар Машварат масоили марбут ба пешрафту ояндаи пойтахт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон дастоварду мушкилот ва тадбирҳои рушди ояндаи шаҳрро баррасӣ намуда, ба мавзӯъҳои дигари муҳим - маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт, коммуникатсия, манзил, энергетика, муҳити зист ва об рӯ оварданд.

Ҳадафи машваратҳо дастгирии уҳдадориҳои Душанбе дар роҳи расидан ба як шаҳри ҳушманду устувор мебошад, ки ҷузъи талошҳои ҷаҳонӣ дар самти Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор дониста мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳайси ҳамоҳангсоз ва ҷалби шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2023 ва шаш моҳи соли 2024 доир ба рушди Шарҳи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе суҳбату машваратҳо гузаронида, ҳамчунин масъалаҳои рушди имкониятҳои пойтахти кишварро муҳокима намуданд.

Гуфта шуд, ки Душанбе ҳадафҳои рушди устувор дар маҳалро татбиқ менамояд ва имрӯз дар барои шаҳрҳои Тифлис ва Бишкек дар самти ояндаи ҳушманд ва устувор қадамҳои устувор пеш мегузорад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"