image

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

date_range24.07.2024, 11:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye126

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар татбиқи ҳадафҳо ва нақшаҳои муайянкардаашон ҷиҳати рушду пешрафти Узбекистони бародар комёбиҳои нав орзу намуданд.

Ҷонибҳо суръати баланди рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Узбекистонро таъкид доштанд.

Дар ин зимн натиҷаҳои босамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон таъкид гардид. Дар баробари ин муҳиммияти татбиқи амалии маҷмӯи мувофиқаҳои дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Душанбе бадастомада ҳамчун омили пешбурди пайгиронаи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мавриди таъкид қарор гирифт. Зимнан ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба хусус дар бахши тухмипарвариро, таъкид намуданд.

Дар идомаи суҳбат мубодилаи афкор атрофи маъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.