image

Ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

date_range24.07.2024, 14:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye129

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони масъули он иштирок намуданд.

Дар раванди чорабинӣ роҳбарияти Федератсия иброз дошт, ки айни ҳол иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти бонуфуз дар таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, татбиқи нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми шоиста дорад.

Бояд қайд намуд, ки Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ аҳли ҷомеаи меҳнатиро муттаҳид сохта, барои ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад. Ҳамчунин зикр гардид, ки Иттифоқҳои касаба кишвар ба ҳайси шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати Оинномавии худро ба ҷо оварда, барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнаткашон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Да рафти ҷаласа ҳамчунин гузориши раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар бораи ҷамъбаст ифаъолияти Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ, нақшаи кори Федератсия, барои нимсолаи дуюми соли равон, баррасии аҳамияти қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶТ» аз 20-ми июни соли 2024, андешидани тадбирҳо оид ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузоришҳои Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шунида шуда, атрофии масъалаҳои номбурда муҳокимаронӣ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки кормандони Федератсия масъулияти худро хуб эҳсос менамоянд ва баҳри пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

М.Мирхолова
"ТВ Душанбе"