image

Маросими пӯшидшавии мавсими истироҳат дар истироҳатгоҳи Зимчуруд

date_range01.08.2024, 14:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye138

Дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2024» фарогирии хонандагони мактабҳои пойтахт дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ таъмин гардида, санаи 4-уми август ҷамъбаст мегардад.

Маросими пӯшидашавии мавсими истироҳат дар истироҳатгоҳои Зимчуруди ноҳияи Шоҳмансур тибқи анъана бо ворид гардидани гуруҳҳо ба майдон оғоз шуд. Истироҳатгоҳи мазкур тобеи шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ин ноҳия имсол дар 4 баст ба фароғат фаро гирифта шуданд. Тавре иттилоъ дода шуд барои фаъолияти истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Зимчуруд дар мавсими имсола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур маблағи зарурӣ ҷудо гардидааст, ки он барои дар шароити хуб бо таъмини ғизои солим гузаронидани давраи истироҳатии кӯдакону наврасон басанда будааст. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур зимни иштирок ва суханронӣ қайд карданд, ки тарбияи наврасон дар рӯҳияи табиатдӯстӣ, истироҳат дар мавзеъҳои нотакрори диёр ва омодагӣ барои соли хониши нав аз ҳадафҳои асосии ташкили истироҳати тобистона барои кӯдакону наврасон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Зимчуруди ноҳияи Шоҳмансур дар мавсими имсола фаъолияти худро дар 4 баст ба роҳ монда, дар маҷмуъ зиёда аз 1000 нафарро ба фароғату солимгардонӣ фаро гирифт. Дар навбати аввал хонандагони ятиму бепарастор, иштирокчиёни озмунҳои фанниву олимпиадаҳо ва ширкаткунандагони чорабиниҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҷалб карда шудаанд. Ҳамзамон дар ҳар як баст ба 30 нафар хонанда аз Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе барои истироҳату солимгардонӣ роҳхат дода мешавад.

Зимни фароғат ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати маводи хӯрока ва талаботи дигари мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешуд, то ин, ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд. Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соли равон дар ҳудуди истироҳатгоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бинои иловагии дуошёна бунёд карда шуд, ки дар он баҳри истироҳати хонандагон беҳтарин шароит фароҳам шуд. Тамоми ҷиҳози ин бинои навбунёд низ ба тозагӣ ворида гардида, баҳри фароғатчиён шароит хуб аст. Бо ҳамин мавсими навбатии истироҳат дар истироҳатгоҳи берунахшаҳрии Зимчуруд ба анҷом расид ва хонандагон ба соли нави хониши 2024-2025 омодагӣ мебинанд.

Қиёмиддин Ҳомидов 
"ТВ Душанбе"