image

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи ҷаҳонии "IPhO" иштирок намуда, бо сазовор шудани медал ба Ватан баргаштанд

date_range01.08.2024, 15:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye216

Олимпиадаи ҷаҳонии "IPhO" аз фанни физика аз 21 то 29 июли соли 2024 дар Донишгоҳи технологии вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон  баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур 44 давлати дунё, бо ҷалби  зиёда аз 200 нафар хонандагони болаёқат бо ҳам сабқати илмӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар 54-ум Олимпиадаи ҷаҳонии "IPhO" Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд. Дар ин сабқати илмии байналмилалӣ Салимов Ҳусанҷон хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи 3-юм сарфароз гардида, бори дигар рақобатпазирии хонандагони тоҷикро дар ҳама гуна озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Салимҷон ва иштирокчиёни дигари ин сабқати зеҳнии байналмилалиро намояндагони Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва омӯзгорону волидонашон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дастоварди хонандаи литсей дар Олимпиадаи ҷаҳонии "IPhO-2024" аз фанни физика шаҳодат аз он медиҳад, ки дар муассиса тамоми имконотҳои моддӣ-техникӣ ва лабараторӣ муҷаҳҳаз буда, омӯзгорон бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаашон раванди таълиму тарбияи хонанагони болаёқатро боз ҳам беҳтар ба роҳ мондаанд.

Аз ин дастовард волидони хонандагон низ ифтихорманду шоданд. Зеро имрӯз самари таълиму тарбияи онҳо ва талошу омӯзиши омӯзгорон самари хуб ба бор овард ва парчами кишвар бо дар заминаи як сабқати фаннӣ парафшон гардид.

Мавриди зикр аст, ки Олимпиадаи ҷаҳонии "IPhO" бузургтарин чорабинии озмунӣ аз фанни физика дар миқёси ҷаҳон буда, бори аввал хонандагони тоҷик бо иштирок дар он соҳиби ҷойи намоён гардидаанд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"