image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range05.08.2024, 09:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye45
ш.Душанбе. 05.08.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ҷаласа таъмини иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода гардидани заминҳои кишоварзӣ, таъмини заминҳои корам бо оби полезӣ, рафти кишти такрорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ҷамъоварӣ намудани маблағи ҳаққи хизмати оби полезӣ, инчунин ҳисоботи омории хоҷагиҳои деҳқонӣ баррасӣ гардида, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо ва иҷрои дастуру ҳидоятҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.