Дар ноҳияи Шоҳмансур озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 - и ноҳияи Шоҳмансур озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар кори озмун намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон зикр доштанд, ки бо мақсади ҳавасмандкунии хонандагони болаёқат ва ба ин васила ҷалби наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ ва беруназсинфӣ дар ҷумҳурӣ як қатор стипендияҳо амал мекунад, ки Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳо ба ҳисоб меравад.
Зимни ҷамъомад ҳозирин зикр намуданд, ки ҳамасола даҳҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои гирифтани ин стипендия талош намуда, гирандаи он мегарданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷавонон ва дасгирии ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад пайваста чораву тадбирҳои мусоидаткунанда амалӣ мегардад, ки намунаи равшани он стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони фаъолу болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мебошад.
Озмун барои гинандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд дар синфхонаҳои алоҳида гузаронида шуд, то ки шаффофияти он таъмин бошад. Хонандагон вобаста ба шартҳои озмун дар чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҷараёни баргузории озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия таъсис дода шудааст, назорат карда мешуд.
Гуфта мешавад, ки пешниҳоди стипендияҳои гуногун барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасмандкунии онҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе сафи хонандагони болаёқат зиёд гардида, иштироки онҳо низ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ афзуда истодааст. Масъули баргузории даври ноҳиявии озмуни мазкур Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур буда, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он чораҷӯӣ намудаанд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ