image

Пухтани таомҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range06.08.2024, 14:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye179

Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва табилиғу ташвиқи шоистаи он айни замон дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ доир гардида истодааст.

Чорабинии навбатии пухтани таомҳои миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аз ҷониби таббоҳон иттилоъ дода шуд, ки мо занону бонувон бештар кӯшиш менамоем, ки ба ҷавондухтарон тарзи дурусти омода намудани хӯрокҳои миллиро омӯзонем. Дар ин рӯз аз ҷониби ошпазони маҳаллаи Чашмасор хӯрокҳои миллии оши бурида, оши палов ва далда омода гардид.

Мушкилтарин хӯроки миллӣ ин омода намудани далда мебошад, ки он дар муддати 10-12 соат омода мегардад ва аз ҳар як зан ва бону маҳорату малакаи хосро талаб менамояд. Ба ҷавонон тарзи дурусти омода намудани онро нишон медиҳем ва онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода менамоем - изҳор доштан бонувони маҳалла.

Маврид ба зикр аст, ки чорабиниҳои мавриди назар дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлати ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе миёни сокинону истиқоматкунандагони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин замина аз ҷониби занону бонувони ҳунарманди маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ созмон дода шуд. Аксарияти занону бонувони маҳаллаи Чашмасор ба дӯзандагӣ машғул ҳастанд ва ҳунару маҳорати онҳоро аллакай ҳамсоягону наздикон медонанд. Яке аз анъанаҳои неки ниёгонамон ин кӯрпадӯзӣ мебошад, ки ин амал аз ҷониби занони маҳаллаи Чашмасор дар ин рӯз анҷом дода шуд.

Бояд гуфт, ки бо баргузор шудани маросими хурсандӣ ва ё худ туйи домодию арӯсӣ занону бонувони деҳа ва ё маҳалла ба кӯрпадузӣ машғул мегардиданд.

Мақсад аз доир гаштани чорабинии мазкур ин огаҳнамоии ҷавондухтарон аз расму ойин ва анъанаҳои неки миллати тоҷик дар гузашта мебошад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"