Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмун барои дарёфти Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Бо мақсади дарёфти хонандагони лаёқатманд ва тарғибу ташвиқи наврасону ҷавонони соҳибистиеъдод дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмун барои гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид.
Бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва дигар масъулин дар толори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмун барои дарёфти Стипендияи Президентӣ баргузор карда шуд. Ба унвонии масъулин 170 нафар довталаб-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки пас аз натиҷагирӣ 55 нафари онҳо сазовори гирандаи Стипендияи Президентӣ хоҳанд гашт.
Гуфта шуд, ки дар доираи тадбирҳои ҳавасмандгардонии роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат бо инобати оне, ки дар шаҳри Душанбе муассисаҳои типии нав бо шароити сатҳи байналмилалӣ бунёд карда шудааст, баҳри хонандагони лаёқатманд ва донишманд стипендияи Президентӣ, Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо амал мекунад. Ҳамасола бо баргузор намудани озмун миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна беҳтаринҳо сазовори стипендия мегарданд. Ҷараёни баргузории озмун аз ҷониби комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷрибаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия таъсис дода шудааст, назорат карда мешуд. Ҳамин аст, ки хонандагон аз раванди баргузории озмун барои барандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун аз довталабони озмуни гирандаи Стипендияи Президентӣ аз фани забон санҷиши хаттӣ, аз фанни адабиёт эссе ва ё иншои хурд ва аз дигар фанҳои таълимӣ санҷишҳои дар намуди тест гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки довталабони озмун аз рӯи 12 фанни таълимӣ миёни ҳам сабқат намуда, наздик ба 60 нафар хонандагон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ гирандаи Стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2024-2025 хоҳанд гашт.
Гуфта мешавад, ки пешниҳоди стипендияҳои гуногун барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасмандкунии онҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе сафи хонандагони болаёқат зиёд гардида, иштироки онҳо низ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ афзуда истодааст. Масъули баргузории озмун дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ