image

Ярмаркаи либоси мактабӣ дар ҶСК Гулистони Душанбе

date_range08.08.2024, 10:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye120

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ҷараён дорад, ки то охири моҳ идома меёбад. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9-уми июли соли 2024 «Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе» дар чор ноҳияи пойтахт ярмарка баргузор мегардад. Ба ин васила роҳбарони як қатор идораҳои дахлдор вазифадор карда шуданд, ки иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намуда, сифати маҳсулоти воридшударо назорат намоянд.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуқтаи фуруши либосҳои ягонаи мактабӣ ташкил гардидааст, ки сокинони ноҳия бо ҳамроҳии фарзандонашон аз ин имконияти фароҳам гашта самаранок истифода бурда истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола бо наздик шудани соли хониш дар ноҳияҳои пойтахт яармаркаи лисбоҳои мактабӣ таъсис дода мешавад ва дар он маҳсулоти дохиливу хориҷӣ пешниҳоди мизоҷон гардонида мешаванд. Ҳамасола дар чунин ярмаркаҳои мактабии муваққатӣ корхонаҳои саноатии кишвар ва ширкатҳои хусусӣ ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғуланд. Аз ҷараёни фаъолияти ярмарка намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳия боздид намуданд.

ҶСК «Гулистони Душанбе» дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондааст.

Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидааст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхона бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар нуқтаҳои муайяншудаи ноҳияҳои шаҳр ярмаркаи фурӯши либсои мактабӣ ва ашёи хониш таъсис дода шудааст ва сокинон мувофиқ ба макони зисти худ имкон доранд, аз ин маконҳо харид намоянд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"