image

Дар соли 2023-2024 Филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо 13 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд

date_range08.08.2024, 14:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye193

Бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва роҳбарияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир шуд.

Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат додани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар самти таҳсилоти олӣ таъсис дода шудааст. Муассисони филиал Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов мебошанд. Дар соли таҳсили сипаригардаи 2023-2024 филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо 13 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд - изҳор дошт роҳбарияти филиал зимни нишасти матуботӣ дар шаҳри Душанбе.

Қайд шуд, ки теъдоди донишҷӯёни Филиал дар давраи ҳисоботӣ 433 нафарро ташкил дод, ки аз он 297 донишҷӯ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 136 донишҷӯ дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои филиал 25 нафарро ташкил дод, ки аз он 17 нафарашон дорои дараҷаи илмӣ мебошанд, яъне 68 фисади миқдори умумии ҳайати профессорон ва омӯзгорон соҳиби дараҷаи илмӣ мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 донишҷӯёни филиал дар конференсияи байналмилалии донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон «Ломоносов-2024» ва дигар озмунҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, 33 нафар донишҷӯи филиал 35 кори илмӣ-таҳқиқотӣ ба табъ расонидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар филиал 16 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 6 конференсияи байналмилалӣ, 7 машварати илмӣ ва 3 мизи гирд гузаронида шуд. Ҳамзамон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз 21 октябри соли 2021 фаъолияти парки технологӣ ба роҳ монда шуд.

Фонди китобхонаи Филиал нашрияҳои анъанавии чопиии таълимию илмӣ ва электрониро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ ба фонди китобхона аз манбаъҳои гуногун 628 нусха адабиёт ворид гардид.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Филиал рушди содироти хизматрасониҳои таълимӣ мебошад, ки дар доираи он зиёдкунии пайдарҳами миқдори донишҷӯёни хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар Филиал 25 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд, ки 6 фисади теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳамагӣ 133 нафар донишҷӯ соҳиби идрорпулӣ гардиданд. Аз шумораи зикршуда 2 нафар соҳиби Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва 34 нафар донишҷӯ дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд. Дар филиал инчунин барои хонандагони литсей, донишҷӯён ва кормандони он ошхона фаъолият менамояд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"