image

Ҷамъбасти мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе

date_range12.08.2024, 10:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye52

Дар майдончаҳои хурди варзишгоҳи марказии пойтахт, мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол, барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳри ва роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.

Дар мусобиқаи мазкур 95 даста бо фарогирии 1425 нафар кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол иштирок намуданд.

Дар байни кормандони аз 23 сола болои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовари ҷойи якум, дастаи Раёсати қушунҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва дастаи КВД «Душанбешаҳрсоз» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Миёни кормандони аз 23 сола болои вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо бошад дастаи ҶСК “Ориёнбонк” сазовори ҷойи якум, дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Миёни кормандони аз 23 сола болои ташкилоту муассисаҳо корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовори ҷойи якум, дастаи «Рахш-такси» ҷойи дуюм ва дастаи «Соро-ойл» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин дар байни кормандони аз 45 сола болои вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовари ҷойи якум, дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи тарбахонаи «Бухоро» сазовори ҷойи сеюм гардид.

Зимни чорабинӣ аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута ба ғолибони ҷойи якум Ҷом, медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 17 000 сомонӣ, ҷойи дуюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 15 300 сомонӣ ва ҷойи сеюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 13 600 сомонӣ тақдим карда шуданд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"