image

Ҳамоиши илмии Тоҷикистону Қазоқистон

date_range19.08.2024, 15:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye174

Дар Академия миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимон, нависандагон ва шоирони Тоҷикистону Қазоқистон Конференсияи илмӣ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки ҳамоиши мазкур дар чаҳорчӯби сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир гашта, баргузории дигар чорабиниҳои муштарак низ дар назар дошта шудааст.

Қабл аз оғози Конфронси олимон ва зиёиёни эҷодкори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар саҳни бинои Академияии миллии илҳои Тоҷикистон аз намоиши дастовардҳои илмии муассисаҳои ин ниҳод, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Ҳайати олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон зимни боздид аз намоиши доиршуда бо фаъолияти институтҳо ва марказҳои илмию таҳқиқотии Тоҷикистон шинос гардиданд.

Дар кори конфронс баромадкунандагон иброз намуданд, ки ҳамкориҳои олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, таърихи тӯлонӣ доранд. Ҳадаф аз баргузории конфронс таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни давлатӣ дар соҳаи илм, муттаҳид сохтани нерӯи илмии олимони Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажӯҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа мебошад.

Зимни баргузории конференсия роҷеъ ба ба ташаккули алоқаҳои бевосита байни мутахассисон, инчунин ташкили мулокоти дутарафа диққати махсус дода шуд. Таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштараки илмӣ, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи ислоҳот дар соҳаи илм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳоии лмӣ; табодули афкор оид ба пахн намудани тачрибаи ислоҳот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз масъалаҳои дигаре буданд, ки дар идомаи кори конфронс баррасӣ гардиданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"