image

Баргузории озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар пойтахт

date_range20.08.2024, 09:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye147

Баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз «19» июли 2024 Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар пойтахт ҷараён дорад. Ҳоло даври ноҳиявии ин озмунҳо ҷамъбаст гардида беҳтаринҳо ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд. Ин навбат комисияи озмун, ки аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он таъсис дода шудааст аз маҳаллаву кӯчаҳои беҳтарини ноҳияҳои пойтахт дидан карданд.

Дар даври шаҳрии Озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳаллаи “Маҳмадулло Холов” ва хиёбони ҳофизи Шерозӣ, аз ноҳияи Сино маҳаллаи “Конститутсия 1” ва кӯчаи Бобо Ҳамдам, аз ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи Алачабофон 1 ва кӯчаи Неъмат Қарабоев, ва аз ноҳияи Шоҳмансур бошад маҳаллаи Дӯстии Халқҳо ва кӯчаи Аҳмади Дониш сазовори ҷойи аввал гардида ба даври шаҳрии озмун пешниҳод шуданд. Аъзои гуруҳи корӣ аз ин маҳаллаву кӯчаҳо дидан карда, баҳои сазовор гузоштанд. Ҳангоми аз маҳаллаи “Маҳмадулло Холов” -и ноҳияи Исмоили Сомони дидан кардан маълум шуд, ки талаботҳои озмун риоя гардидааст. Дар ин маҳалла ободонӣ ва тозагиву озодагӣ, сабзазоркуниву ниҳолшинонӣ ки аз талаботи асосии озмунҳо аст мушоҳида гардид.

Талабот барои муайян кардани маҳаллаи беҳтарин “Иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, ҳолати тозагии ҳудуди маҳалла, ташкили нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкунӣ ва ҷамъоварии ҳаққи хизматрасониҳо, шинонидани дарахту буттаҳо ва нигоҳубини онҳо, бароҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ аз тарафи сокинони маҳалла, шинонидани гулҳои мавсимию бисёрсола ва сабзазоркунии ҳудуди маҳалла, чароғонии маҳалла, номгузорӣ ва тартиби рақами хонаҳо” мебошад. Аз рӯи чунин талабот аъзои гуруҳи корӣ маҳаллаҳоро баҳогузорӣ карданд.

Дар ин доира аъзои гуруҳи корӣ аз маҳаллаи “Конститутсия 1”-и ноҳияи Сино дидан карданд. Дар ин маҳалла сокинон заминҳои наздиҳавлигиро бо самар истифода менамоянд. Дар ин баробар бонувони ин маҳал захираи зимистонаашонро бештар аз маҳсулоти дастранҷи хеш омода мекунанд.

Корҳои ободонию созандагӣ ва мутобиқ намудани шароитҳои зарурӣ барои сокинон дар ҳудуди маҳаллаҳои мавриди назари аъзои коммисия аз ҷумла маҳаллаи Дӯстии халқҳои ноҳияи Шоҳмансур дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Бунёди мавзеъҳои сабзазор ва шинонидани навъҳои гуногуни дарахтони ороишию ҳамешасабз дар пойтахт ҳамасола роҳандозӣ карда мешавад. Зеро нашъунамои хуби дарахтон дар шаҳр боиси беҳтар гардидани фазои экологӣ ва тозагии муҳити атроф мебошад.

Баъд аз ҷамъбасти натиҷагирии ҳайати ҳакамон ғолибони Озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» муайян ва қадрдонӣ мегарданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"