image

Дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид

date_range22.08.2024, 09:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye193

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

Тадбири мазкур дар фазои муносиби дӯстӣ доир шуда, натиҷаҳои дилхоҳро дар пай гузошт. Дар кори Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбарони аввали вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ҷониби Қазоқистонро бо роҳбарии муовини якуми сарвазири ин кишвар Скляр Роман, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, соҳибкорон ва бахши хусусии ин давлат намояндагӣ намуданд.

Таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки тадбири мазкур дар доираи сиёсати созандагии Сарони ҳарду кишвар баргузор шуда, ҳамкориро дар самти соҳибкорию тиҷорат боз ҳам устувор менамояд.

Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ду панел: «Сармоягузории мутақобила-роҳҳои нави ҳамкорӣ» ва «Инноватсия ва технологияҳои муосир-манбаи имконияти сармоягузорӣ» баргузор шуда, доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории ду давлатро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ намуданд. Дар Форум фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, ҳамзамон лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар доираи Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар қолаби «Соҳибкор бо соҳибкор» ва бахши давлатию хусусии ҳарду давлат баргузор гардид. Инчунин аз рӯйи натиҷаи вохӯрии доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

С.Гулова
"ТВ Душанбе"