image

Мусобиқа оид ба гуштини ҷудо байни наврасон

date_range22.08.2024, 09:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye53

Дар остонаи таҷлилӣ 33–умин солагарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини ҷудо байни наврасон дар маҷмааи Қасри варзиш баргузор гардид.

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва аввалин Чемпионати Ҷаҳон оид ба гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» дар шаҳри Душанбе, ки рӯзҳои 30-31-уми август баргузор мегардад, мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини ҷудо байни наврасон баргузор гардид.

Зимни оғози чорабинӣ Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ шаҳри Душанбе иштирокчиёни мусобиқаро бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки наврасону ҷавоне, ки дар ин мусобиқа иштирок доранд метавонанд дар оянда номбардори давлату миллат ва волидайни хеш бошанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки имсол дар саҳифаи варзиши кишвар руйдоди муҳиме ба вуҷуд омад. Варзишгарони мо тавонистанд дар арсаи ҷаҳонӣ бо ҳунару маҳорати баланд номбардору Парчамбардори давлат бошанд ва бо 3 медали биринҷӣ аз бозиҳои Олимпии Париж-2024 ба Ватан баргаштанд.

Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба гуштини ҷудо наврасони соли таваллудашон 2014-2015 аз руи вазнҳои 22, 24, 26, 28, 30, 32, 35, 38, 42 иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории чорабинӣ, тарғибу ташвиқи гуштини ҷудо байни наврасон, мустаҳкам намудани дустию рафоқат миёни наврасон, баланд бардоштани маҳорати касбии наврасон, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва муайян намудани беҳтарин варзишгарони наврас мебошад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои нави байналмиллалии гуштини ҷудо сурат гирифта, варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои 1, 2, 3-юмро иштол менамоянд бо медал ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"