image

Таъмири майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range22.08.2024, 10:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye156

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур корҳои таъмирӣ дар майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия ташкил шуд.

Майдончаҳои варзишӣ ҷузъи таркибии иншооти варзишию солмигардонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мебошанд, ки ҳоло дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе мавҷуд аст. Онҳо давоми солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд шудааст ва сокинон ба таври васеъ истифода менамоянд. Аз бунёди чунин иншоот алакай 5-6 сол гузашта, бархе аз онҳо таъмирталаб гардидаанд. Корҳои таъмирӣ ҳоло дар иншооти варзишӣ оғоз гардидааст.

Дар ин доира 21-уми августи соли ҷорӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузор намудани ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри тақвияти бештари корҳои созандагиву ободкорӣ, тозагиву озодагӣ, таъмиру тармим ва дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ, инчунин, дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ташаббусу дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, таҳти шиори “Майдончаҳои варзиширо самаранок истифода мебарем”, таъмиру азнавсозии майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 68/1,68/2 ва 70/1-и ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди тадбирҳои навбатии ободонӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва роҳбарияти КИҲ дар н.Шоҳмансур ҳам фаъолона саҳми худро гузоштанд. Дар ин замина, майдончаи варзишии мазкур, ҷойи нишасти калонсолон ва бозии кӯдакон дар ҳудуди майдонча рангубор, тозаву озода ва таъмиру тармим карда шуда, ҳазамон чароғонкунии гирду атрофи майдончаи варзишии мазкур низ анҷом дода шуд. Дар ин раванд, бо сокинону истиқоматкунандагони атрофи майдончаи мазкур, баҳри дар ҳолати коршоямӣ истифода бурдани майдонча, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи майдонча, истифодаи самаранок ва риояи реҷаи истифодабарии он корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои тозагӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии пойтахт ва сазовор таҷлил намудани 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коллективҳои меҳнатии корхона, муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ҳизб, вакилон ва сокинон доир карда мешаванд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"