Мулоқот бо фаъолзанони ноҳияи Шоҳмансур
Чун дигар мулоқоту вохӯриҳои судманд роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии худро бо намояндагони мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷавонон ва варзиш, маориф, тандурустӣ ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ доир намуданд.
Зимни суханронии хеш масъулин қайд намуданд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо фарогирии маҷмӯи масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ҷомеаи кишвар, иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди мамлакат маҳсуб мегардад. Пешвои миллат дар оғози суханронии пурмӯҳтавои хеш иброз доштанд, ки миллати тоҷик дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш дар сарҳади бархурди режимҳои исломиву дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои миллии таърихиву замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида қарор гирифт.
Ҳамзамон дар идома иброз гардид, ки дар мулоқот Пешвои миллат ин саҳифаҳои таърихи давлатдории навини моро барои он варақгардон намуданд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бахусус ҷавонон бояд бидонанд, ки ҳаёти орому осоишта ва серу пури кунунии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар мулоқот Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки муҳим он аст, ки қадри тинҷию амонӣ, ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар шинохта шавад. Воситаи муассири шинохти ин неъматҳо қадршиносӣ аз раванди сулҳ ва пешвои қаҳрамони он аст, ки ҷони худро ба каф гирифта, ҳастии миллатро ҳифз кардаанд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур бобати шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, хурофоту хурофотпарастӣ, сабабу омилҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, пешгирии фарҳангӣ бегона ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасии иштирокдорон қарор гирифт.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ