image

Мулоқоти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо намояндагони Ченду

date_range26.08.2024, 12:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye103

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ҳайати ҳукумати мардумии шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал бо муовини Раиси гурӯҳи сармоягузорони Синчени шаҳри Ченду Ли Динкуй доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкориҳои шарикӣ дар самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, идоракунии хоҷагии коммуналӣ, инфрасохтори соҳаи сохтмон ва табодули таҷриба дар омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаҳо муштарак матраҳ гардиданд.

Боздиди мазкур бо инобати пайгирӣ аз роҳандозии мувофиқатномаҳои муҳим зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯриву мулокотҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосилгардида ба нақша гирифта шуда, барои табодули таҷриба ва идомаи муколамаи созандаи миёни ду кишвар нақши бориз дорад.

Сафари кории ҳайати кории ҳукумати мардумии шаҳри Чендуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Роҳбарияти шаҳри Душанбе сурат гирифта, то рӯзи 28 август идома меёбад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"