Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Куруши Кабир барномаи консертиву ҳунарии бахши фарҳанг ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмаснур пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки шуруъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили сазовор аз ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рузҳои шанбе ва якшанбе дар боғу гулгаштҳои пойтахти кившар барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва консертии ҳунармандони шаҳру ноҳияи мамлакат доир карда мешавад.
Сокинони меҳмонон ва истиқоматкунандагони пойтахт ҳамзамон дар доираи барномаи консертӣ ба сайругашти шомгоҳӣ машғул буданд. Кӯдакону наврасон дар фазои тоза бо истифода аз шароиту имконоте, ки дар боғ фароҳам гардидааст, шодиву хурсандӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рузҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангӣ фароғатиии пойтахти кившар ва гулгаштҳои зебои он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои то ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои консертӣ ва фароғатӣ пешниҳод мегарданд.
Дар асоси ҷадвали баргузории барномаҳои консертиву фароғатӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин барномаҳо дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Устод Рӯдакӣ», боғи «Парчами давлатӣ, боғи «Ирам», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», Боғи ба номи Александр Мироненко ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ барномаҳои мукаммали ҳунарӣ манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ