image

Баргузории семинари омӯзишӣ барои ҷавонон

date_range27.08.2024, 10:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye81

Дар шаҳри Душанбе тули ду рӯз дар доираи ҳамкории байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва Барномаи рушди СММ семинари омӯзишӣ доир гардид.

Семинари мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили сатҳи дониш ва малакаи субъектҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо зуҳуроти экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ бо ҷалби намояндагии гурӯҳҳои гуногун роҳандозӣ шуд.

Тавре масъулин гуфтанд, дар натиҷаи ин омӯзиши даврӣ фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ва иттиҳодияҳои самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар соҳаи татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ беҳтар мегардад.

Тибқи иттилоъ семинари мазкур лоиҳаи «Баланд бардоштани малака ва дониши субъектҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятии кор бо ҷавонон» дар шаҳру ноҳияҳои кишвар амалӣ гардида истодааст.

Баъд аз ҷамъбасти семинар ба шунавандагон сертификат супорида шуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"