image

Ҷаласаи Шӯрои ислоҳоти милистсия бо иштироки фаъолони маҳаллаҳои Алачабоф, Қуштеппа ва Деҳқонободи ноҳияи Фирдавсӣ

date_range27.08.2024, 11:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye157

Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим дар бахшу соҳаҳои гуногун амри зарурӣ ва талаботи замон мебошад. Маҳз бояд дарки ҳамин паҳлуи масъала дар назди РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ташкил шудааст, ки ҳоло дар чанд самт кору фаъолият дорад. Аъзои он дар ҳамкорӣ бо мақомоти милитсияи пойтахт барои беҳтар гардидани фаъолияти соҳа ва бештар гардидани ҳамкории аҳолӣ бо милитсия мунтазам тадбиру чораҳои муассирро рӯйи даст мегиранд.

Дар ин замина бо ҷалби аҳолӣ ва нозирони минтақавӣ вохӯриву чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва иттилоотонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо созмон дода мешавад. Тадбири навбатӣ дар шакли ҳисоботдиҳии нозирони минтақавӣ бо иштироки фаъолони маҳаллаҳои Алачабоф, Қуштеппа ва Деҳқонободи ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда шуд. Ин маҳаллаҳо шомили минтақаи хизматии №30-и Шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ 2-и ноҳияи Фирдавсӣ мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур иштирокчиён оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум ва дар ин замина баланд гардидани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия изҳори назар намуданд.

Гуфта мешавад, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои пешигирии ҷинояту ҷинояткорӣ, кам гардидани ҳодисаҳои нохуш дар шаҳраку маҳаллаҳо ва таъмини амнияти сокинон заминаи мусоидро фароҳам менамояд. Дар раванди баргузории чорабинӣ сардори минтақаи хизматии №30 ва нозирони он баромад намуданд. Қайд гардид, ки рӯз то рӯз ҳолати кории нозирони минтақавии милитсия беҳтар гардида, онҳо бо шароити мусоиди корӣ, ҳуҷраҳои замонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гаштаанд.

Сокинон низ дар идома аз ҳамкориву робитаи қавӣ бо милитсия изҳори назар намуда, саҳми онҳоро дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ муфид арзёбӣ намуданд.

Дар назди РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия фаъолият мекунад. Як бахши фаъолияти ин Шӯро ташкили ҳисоботдиҳии нозирони минтақавӣ ба сокинони минтақаи хизматӣ мебошад. Чорабинии навбатӣ доир ба ин масъала дар толори МТМУ №119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"