image

Истиқлол сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ

date_range27.08.2024, 15:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye117

Дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

«Истиқлол сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ»- зери ин унвон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки он ба ҷашни Истиқлоиляти давлатии кишвар бахшида шуд.

Дар кори конференсия намояндагон аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии кишвар, академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

«Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар Тоҷикистон», «Асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар замони соҳибистиқлолӣ», «Истиқлоли давлати омили сарнавиштсоз ва пойдевори рушди ҳокимияти судӣ», «Баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ-омили асосии таҳкими истиқлолият» аз мавзӯъҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми фарҳангофари тоҷик масъулияти басо бузург ва дар айни замон пуршарафро ба монанди ҳифзи истиқлоли давлатию манфиатҳои миллӣ,ҳимояи арзишҳову суннатҳои фарҳангӣ, талаботи бунёди ҷомеаи демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро гузошта, бегазанд ба насли оянда интиқоли ин рисолати таърихиро тақозо намуд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"