Ифтитоҳи иншоотҳои солимгардониву фароғатӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозии тадбиру ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даҳҳо корхонаву муассиса, бинову иншоот ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар заминаи ин ташаббусҳо ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду иншооти солимгардониву фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Гулгашти зебо ва назаррабо дар буриши хиёбони Сино ва Шамсии ноҳия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бунёд шудааст. Дар расми ифтитоҳи гулгашти мавриди назар муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, роҳбарияти ноҳияи Сино ва масъулини сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуданд Бунёди ин мавзеъ шароити созгорро барои истироҳату фароғати сокинони меҳмонони ин гӯшаи шаҳри Душанбе фароҳам намудааст. Гулгашт дорои мавзеъҳои сабзкорӣ, роҳравҳои зебо, дарахтори ороишӣ мебошад. Ҳамзамон сохти ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла гусфани Марко Поло, бузи пармашох ва озодапаланг гузошта шудааст, ки барои огоҳии сокинони пойтахт аз мавҷудияти чунин ҳайвоноти нодир дар кӯҳҳҳои кишвари мо замина мусоид мегузорад.
Сокинони бинову манзилҳои истиқоматии атрофи ин гулгшати зебо имкон доранд, ки фориғ аз кору фаъолият барои истироҳату фароғат ба ин ҷо биоянд. Ҷойи таъкид аст, ки дар заминаи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин мақсад гулгшат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Сино бунёд гардидааст. Маврид ба зикри хос аст, ки корҳои ободони ва хуррамгардонӣ дар гушаву канори шаҳри Душанбе ҳамарӯза бо авҷу суръати тоза идома дошта, дар натиҷаи он чунин гулгшату майдончаҳои солимгардонӣ ба истифода дода мешавад. Зимни боздид масъулин ба иҷрои корҳои сохтмониву бунёдӣ баҳои баланд доданд. Гуфта мешавад, ки минбахд дар ин гулгашт имкони ташкили чорабиниҳои хурди маърифатӣ ва фарҳангӣ фапроҳам гардидааст. Алакай сокинону меҳмонони ноҳия барои сайру саёҳат ба ин мавзеъ баромадаанд.
Ҳамзамон дар маҳаллаи 82-уми ноҳияи Сино майдончаи варзишӣ бо фарогирии гулгашти зебову назаррабо ба истифода дода шуд. Он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ “Манзилҳои аъло” баҳри истироҳати сокинону дилхушии кӯдакон бунёд гардидааст.
Дар расми ифтитоҳи гулгашти мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок намуда, ба корҳои сохтмонӣ ва хуррамгардонӣ баҳои баланд доданд. Майдончаи Истироҳати дорои 50 ҷои нишаст буда, бо тамоми таҷхизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Инчунин дар он гулҳои зебои ранга шинонида шудааст. Гирду атрофи майдонча бошад бо сангҳо рангаи сиёҳу сафед оро додашудааст.
Ҷойи таъкид аст, ки дар ҳудуди гулгашт роҳравҳо, намудҳои гуногуни дарахтони ороишиву сояафкан шинонида шудааст. Ҳамзамон ин гулгашт бо намои муосиру зебояш ва насби чароғакҳои гуногун шабонгоҳ низ назаррабо менамояд ва ин гӯшаи шаҳри Душанберо зебогии дигар медиҳад. Мақсад аз бунёди ҷойи бозии кӯдакон фароҳам овардани шароит барои бозии онҳо дар назди биноҳои баландошёна мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо вусъат ёфтани корӽои ободонию созандагū дар ӽудуди шаӽри Душанбе, аз ҷумла бо бунёду азнавсозии гулгашту хиёбонӽо симои пойтахти кишвар зебою назаррабо гардида, барои гаштугузор ва истироӽату фароғати сокинону меӽмонон шароити арзанда ва муӽити хуби экологӣ фароҳам гаштааст. Иттило дода шуд, ки ин анҷоми кор набуда, баҳри бунёди чунин мавзеҳои зебою истиролҳатӣ дар дигар қисматҳои ноҳияи Сино низ корҳои идома дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино талош дорад, ки дар ҳамкорӣ бо сокинон шумораи чунин гулгаштҳоро дар қаламрави ноҳия бамаротиб зиёд намояд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ