image

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» оғоз гардид

date_range29.08.2024, 10:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye140

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор ва довталабон ба кори худ шурӯъ кард.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баромад намуда, оид ба мақсади асосии баргузории озмун андешаҳои хешро баён намуд. Зикр шуд, ки ҳадафи озмун – амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ гузарони дамешавад.

Озмуни мазкур дар асоси Низомнома аз рӯи бахшҳои занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолиятдоранд ва занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, доир мешавад.

Бояд таъкид кард, ки довталабони озмун дорои сифатҳои касбӣ, сифатҳои кордонӣ ва сифатҳои ахлоқӣ бошанд ва аз рӯи меъёрҳои навиштани иншо бо забони давлатӣ, навиштани диктант бо забони русӣ, муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохтори мақомоти давлатӣ ва бартараф кардани камбудиҳо дар самти муайян, кор бо технологияи иттилоотӣ ва саволу ҷавоби соҳавию умумӣ баҳо дода мешаванд.

Дар идома, тибқи Низомнома, довталабон дар синфхонаҳои алоҳида ба шарти аввал, яъне навиштани диктант шурӯъ карданд. Яке аз ҳадафҳои асосии баргузории озмун ин муаяйн намудани беҳтарин зан-хизматчии давлатӣ дониста мешавад. Саҳми бонувону занон дар ҳама самтҳои сиёсати давлатдории ҷомеа басо назаррас мебошад ва занони тоҷик пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо маҳорату малакаи воло дар сохтору мақомоти давлатӣ хизмати шоёну арзанда намоянд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"