image

Баргузории Озмуни «Хушдомани беҳтарин» дар шаҳри Душанбе

date_range29.08.2024, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye154

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни оилаҳои намунавии ноҳияҳои пойтахт бо мақсади таҳкими ниҳоди оила ва тақвияти масъулиятнокии падару модар ва фарзандон дар муносибатҳои оилавӣ, даври шаҳрии озмуни “Хушдомани беҳтаринро”-ро баргузор намуд.

Дар даври шаҳрӣ раиси комиссия ва аъзои ҳакамони озмун аз оилаҳои намунавие, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ҳамчун хушдомани беҳтарин пешниҳод намудаанд, боздид намуданд. Кори аъзои ҳакамон аз ноҳияи Шоҳмансур аз оилаи Қуваталӣ Одинаматов, ки бонуи хонадон Муҳаббат Ниёзова ҳамчун ғолиби даври ноҳиявии озмун мебошад, дидан намуданд.

Тавре, ки гуфта шуд, Озмуни «Хушдомани беҳтарин» дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа тавассути роҳҳои баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солим, устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, коҳиш додани раванди таъсиррасонии омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн гузаронида мешавад.

Комиссияи шаҳрии озмун аз ҳисоби намояндагони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сарраёсати маориф, Раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иборат буда, комиссия дар асоси тартиби муқарраргардида бо роҳи шиносоӣ, баррасии нишондиҳандаҳо ва гузаронидани ҷаласаҳо амал намуда, ғолиби озмунро муайян менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки змуни «Хушдомани беҳтарин» дар шаҳри Душанбе дар ду давр баргузор мегардад, даври ноҳиявии озмуни “Хушдомани беҳтарин” дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт мувофиқи талаботҳои болозикр дар сатҳи зарурӣ баргузор карда шуда, ғолибон ба даври шаҳрии озмун 4 хонаводаи беҳтарин (аз ҳар як ноҳия) пешниҳод карда шудаанд.

Даври шаҳрии озмун аз ду қисм иборат буда, дар қисми аввал тибқи шартҳои болозикр, дар хонаи истиқоматии хонавода санҷиши ҳайати комиссия роҳандозӣ гардида, дар қисми дуюм ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун аз рӯйи талаботҳои нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, сафарбар намудани фарзандон ба хизмати Модар-Ватан муайян мегарданд.

Шахсони ташаббускоре, ки дар озмуни «Хушдомани беҳтарин» дар шаҳри Душанбе иштироки фаъолона менамоянд, бо Ифтихорномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"