Дар маҳаллаи Фирдавсии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Дар доираи Нақшаи амалии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо занону бонувон, ҷавондухтарони маҳаллаҳо ва КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои ҳудуди ноҳия вобасата ба пухтани таомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта, ривоҷ додани пухту пази таъомҳои миллӣ, духтани даврию сузанӣ, либос, дигар шаклҳои миллӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар нимсолаи дуюми соли 2024 дар маҳаллаи Фирдавсӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани таомҳои миллӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, собиқадорони меҳнат аз ҳисоби занону бонувон, раисони шуроҳои кор бо занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҳунармандони ноҳия иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар раванди фаъолияти ҳамарӯза бо сохторҳои дахлдори соҳа ҳамкории зич дошта, ҷиҳати эҳё ва густариш додани ҳунарҳои милливу мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази касбомӯзӣ, курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ, попрудӯзӣ, гулдӯзӣ ва зардӯзиро ба роҳ монда, занону ҷавондухтаронро аз оилаҳои ниёзманд ва осебпазири шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия ҷалб менамояд.
Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ масъулин аз замини наздиҳавлигии яке аз истиқоматкунандагони маҳаллаи Фирдавсӣ бозди карданд. Тавре, ки гуфта шуд дар ин замини наздиҳавлигӣ намудҳои гунеогуни маҳсулоти полезӣ ва сабзавот аз ҷониби соҳибхона шинонида шудааст. Помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, боимҷон аз ҷумлаи сабзавотҳое буданд, ки дар ин ҷо дида мешуд ва онҳо нашъу намои хуб доштанд. Ҳамзамон бонувони хонадон бо истифода аз ин сабзавотҳо консерваҳо омода намудаанд. Ин амал низ яке аз амалҳои хуби занону кадбонувони мо мебошад, изҳор доштанд ҳозирин. Валиҷон Шарифзода
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ