image

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид

date_range03.09.2024, 09:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye174

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ барномаи консертиву ҳунарии бахши фарҳанг ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмаснур пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки шуруъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили сазовор аз ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рузҳои шанбе ва якшанбе дар боғу гулгаштҳои пойтахти кившар барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва консертии ҳунармандони шаҳру ноҳияи мамлакат доир карда мешавад.

Сокинони меҳмонон ва истиқоматкунандагони пойтахт ҳамзамон дар доираи барномаи консертӣ ба сайругашти шомгоҳӣ машғул буданд. Кӯдакону наврасон дар фазои тоза бо истифода аз шароиту икмоноте, ки дар боғ фароҳам гардидааст, шодиву хурсандӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта рузҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангӣ фароғатиии пойтахти кившар ва гулгаштҳои зебои он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои то ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои консертӣ ва фароғатӣ пешниҳод мегарданд.

Дар асоси ҷадвали баргузории барномаҳои консертиву фароғатӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин барномаҳо дар тамоми боғу гулгаштҳои пойтахт барномаҳои мукаммали ҳунарӣ манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"