image

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид

date_range04.09.2024, 08:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye107

Ба ифтихори таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид, ки он давоми се рӯз дар шаҳри Душанбе идома меёбад.

Зимни маросими кушодашавии мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба шиноварӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кулли варзишгарон - парчамбардорони Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ва меҳмононро, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо орзу намуд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, намояндаи ВКД Ҷумҳурии Беларус, ноиби Президенти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Узбекистон, Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ таъкид карда шуд, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар иқдомҳои муфид роҳандозӣ мешаванд.

Ҷалб намудани аҳолии кишвар, хоса ҷавонон, ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шиноварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таваҷҷӯҳ ба мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои ҷомеа торафт меафзояд. Баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Ин боис мегардад, ки варзишгарони беҳтарини мо малакаю маҳораташонро сайқал дода, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ намоянд.

Бо ёдоварӣ аз татбиқи барномаҳои соҳавӣ, рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ зикр гардид, ки Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми тадбирҳоро меандешанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқаи мазкур беш аз 112 нафар шиновар аз 6 давлат - Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, 20 довар, аз ҷумла 4 довари байналмилалӣ ва сардовари мусобиқа довари дараҷаи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон Инагамов Шерзод иштирок намуда, мусобиқа то 5-уми сентябр идома меёбад.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"