image

«Истиқлол ва занон». Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

date_range04.09.2024, 09:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye157

Конференсияи «Истиқлол ва занон» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гардида, дар он вакилони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат аз ҳисоби занон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва занони фаъол аз сохтору мақомотҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро бо санаи муборак – ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба чӣ гуна ба даст овардани истиқлолият, муборизаҳои беамони ҷавонмардони тоҷик ва дигар паҳлуҳои мусбии ин неъмати беназир сухан кард. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолият дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ як қатор дигаргуниҳое ба амал омаданд, ки ҳар яки онҳо чун саҳифаи муборизаву қаҳрамонӣ, хиради баланди инсонӣ ва фарҳанги баланди ҳар фарди тоҷикистонӣ дар китоби таърихи нави тоҷикон сабт хоҳад шуд.

Ҳамчунин иштирокдорон дар баромадҳои худ зикр доштанд, ки солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сангини рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби ғам кашида буд.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ зикр гардид, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути роҳандозии фаъолияти пурсамари худ исбот намуд, ки он дар низоми давлатдории ҷомеаи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва нерӯи пешбари бонувони кишвар мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлату ҳукумат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати зан баҳри бунёд намудани ҷомеаи солим нақши муҳим мебозанд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"