image

Баргузории Семинари илмӣ-назариявӣ доир ба нақши занон дар ҷомеа

date_range04.09.2024, 09:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye78

Ба истиқболи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ҳамзамон бо мақсади фаъол гардонидании нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва малакаи касбии занон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Зан ва мавқеи занон дар сиёсат» миёни роҳбарони муассисаҳои таълимию томактабӣ ва дигар роҳбарону фаъолзанони, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолияти густурда доранд, инчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид, ки дар он Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Суди олии иқтисодии ҶТ, узви Кумитаи собиқадорони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ширкат ва бо маърузаҳо доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва нақши занон дар таҳкими давлатдории миллӣ, дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон ва қабул гардидани барномаву стратегияҳои давлатӣ дар самти занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар баромад намуданд.

Намояндаи МИҲД ноҳияи Шоҳмансур дар баромади худ таъкид намуд, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли комили давлатӣ, зери сиёсати хирдамандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз занону бонувон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолияти назаррас доранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки нақши занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ муассир буда, аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ ва ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо эҳтироми хоса зоҳир менамояд. Дар фарҷоми чорабинӣ фаъолзанони ноҳия, ки дар чорабиниҳо ва пешбурди дигар корҳои ҷамъиятӣ саҳми назаррас гузоштанд, бо сипосномаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмасур қадрдонӣ шуданд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"