image

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ тақдим намуданд

date_range04.09.2024, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye109

4 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус сарфароз гардониданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати сазовор дониста шуданашон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбию махсус табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду пешрафти ҷомеа ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҳамаи ин дастовардҳоро самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ карданд, ки аз ҷумла бо шарофати хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъмин гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки Роҳбарияти давлат хизмати содиқона ва матонату ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, қонунияту тартибот ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳамеша қадршиносӣ мекунад.

Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва як гурӯҳ фарзандони шуҷоу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, 1 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо ордени Спитамен дараҷаи II, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 34 кас бо медали Ҷасорат, 47 нафар бо медали хизмати шоиста ва 2 кас бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ” ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники хадамоти гумрук, генерал — лейтенанти адлия, генерал-майори милитсия, генерал-майор, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал майори адлия, рутбаи навбатии ҳарбии генерал — майори гвардия ва генерал-майори хадамоти гумрук дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд.

Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ тамоми донишу малака ва таҷрибаву тавоноии худро барои ободии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар сафарбар месозанд.