image

"Истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ". Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ

date_range05.09.2024, 10:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye128

Зимни ифтитоҳи ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ- назариявие, ки дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир гардид, роҳбарияти ин муассисаи олӣ ба сухан баромада, қайд намуд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор, номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Зикр гардид, ки моҳи ноябри соли 1992, замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлат интихоб гардиданд. Фарзанди баору номуси тоҷик дар роҳи таҳкими арзиши соҳибистиқлолӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари амну осоишта ва сулҳофар ҳастии худро фидо намуданд. Маҳз бо ташаббусу кордонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат тантана намуд ва Тоҷикистон бо ба даст овардани осоиштагии сиёсӣ ба пайроҳаи ободкориву бунёдкорӣ қадам ниҳод.

Дар конфронси илмӣ-назариявии доиргардида профессорон низ ба сухан баромада Истиқлоли давлатиро заминаи рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал оварда шуд. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илму фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки файзи Истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақилу ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд.

Бояд гуфт, ки имрӯз, Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро зиёда аз 180 мамлакати дунё расман эътироф намудаанд, ки ин нишона возеҳи Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон бояд кард, ки бахшида ба 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 4 то 12 сентябри соли ҷорӣ конференсияҳои илмӣ- назариявӣ мутобиқи нақша ташкил ва баргузор мегарданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"