image

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд

date_range05.09.2024, 11:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye89

5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи хотиравӣ бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро ба истифода дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.

Бунёди бинои нави Беморхона дар доираи татбиқи «Лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак» бо маблағи 3 миллиону 410 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии ин муассисаи тиббӣ моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, моҳи августи соли 2024 ба итмом расид.

Дар рафти сохтмон муҳандисону сохтмончиёни ширкати «Строй Сентр» масолеҳи хушсифати сохтмонии ватаниро истифода карда, талабот ва меъёрҳои стандартиро риоя намудаанд.

Муассисаи нави тандурустӣ аз 3 бино – бинои асосии сеошёна, таҳхона, ду бинои дуошёна, дегхона, анбор барои захираи маводи сӯхт, манораи обфишор, трансформатори барқӣ бо иқтидори 250 квт/соат, генератори дизелӣ бо иқтидори 200 квт/соат ва иншооти ёрирасон иборат аст.

Дар Беморхонаи марказӣ фаъолияти шуъбаи қабули калонсолон ва шуъбаи қабули хурдсолон бо фарогирии 80 кат роҳандозӣ гардида, дар ин замина шуъбаҳои амрози дохила, ҷарроҳӣ, ёрии таъҷилӣ, таваллуд, ёрирасон ва маъмурият барои хизматрасонӣ омода гардидаанд.

Дар баробари бунёд гардидани бинои нави Беморхонаи марказӣ муассисаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба монанди рентгени рақамӣ, оксигенераторҳо, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, таҷҳизоти муосир барои ташхис ва табобати гурда, биоанализатор, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, автоклав ва таҷҳизоти беҳдоштӣ ворид ва насб карда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кормандони беморхона ҷиҳати бештар такмил додани сатҳи тахассуси онҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва муоширати хубу масъулияти баланд доштан дар кору фаъолият тавсияҳои судманд доданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Беморхонаи марказии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дар беҳтарсозии инфрасохтори шабакаи муассисаҳои тандурустии ноҳия мусоидат намуда, барои саривақт ошкор, ташхис ва табобати бемориҳои гуногун ба беморон хизмат мерасонад.

Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва саривақту босифат расонидани ёрии тиббӣ ба кормандони беморхона ду мошини ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд.

Саҳни ҳавлии беморхона сабзкорӣ гардида, дар он зиёда аз 105 бех дарахти ороишӣ, сояафкан ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Баробари ба фаъолият оғоз намудани бинои нави Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Ховалинг 125 корманди соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин гардид.

Мутахассисону кормандони муассисаи тандурустӣ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои хизматрасонии тиббӣ барои ташхис ва табобат метавонанд устуворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба муолиҷаро таъмин намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ховалинг 48 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, дар онҳо 374 табиб ва ҳамшираи шафқат ба 62 ҳазору 295 нафар аҳолии ноҳияи Ховалинг хизмати тиббӣ мерасонанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ, ташаккули инфрасохтори соҳа ва бо назардошти зиёдшавии аҳолӣ бунёди муассисаҳои тиббии муосир дар баробари дигар ҳадафҳои муайянгардидаи «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ гардонида мешавад. Ин аст, ки танҳо дар 6 моҳи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 34 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 110 муассисаи соҳа таъмиру таҷдид гардидааст.